- доғ
- [داغ]1. сахт тафсонидашуда, гудохта; сӯзон, хеле гарм: равғани доғ2. нишона ва лаккае, ки дар ҷое ё чизе мондааст (мас., нишонаҳои захм ва ҷароҳат дар бадан, лаккаи равған ё чирк дар либос ва ғ.), асар, нақш; доғи бадномӣ асари бадномӣ, нишонаи шармандагӣ3. ҷои тамға, ки бо оҳани тафсон ба рони чорпоёни гала зада шудааст; тамғае, ки дар қадим ба даст, пешонӣ ё тахтапушти бандиёну ғуломон зада мешуд4. маҷ. ғаму андӯҳ, аламу ҳасрати сахт ва азоби қалбӣ, ки аз марги фарзанд ё волидайн, ҳиҷрону фироқ ё рашки касе пеш меояд: доғи фарзанд, доғи модар, доғи фироқ, доғи ҳаҷр, доғи ҳиҷрон; дарду доғ дидан ҳасрати сахт кашидан, алами фироқ ё марги каси наздики худро аз сар гузаронидан; доғи касеро тоза кардан ғаму ҳасрати фаромӯшшудаи касеро боз ба хотир овардан5. маҷ. бадномӣ, айб; нанг6. тиб. нишонаҳои гуногунранг дар рӯи пӯсти инсон, ки бо иллате пайдо мешавад; доғи кунҷитак ниг. кунҷитак; доғи нағзак ниг. нағзак; доғи обила ниг. обила; доғи нағзакдор обиларӯй; доғ кардан а) лаккадор кардан; чиркин кардан; б) тафсондан, гудохтан (равғанро); доғ шудан а) гудохта шудан, тафсонда шудан; б) аз шиддати дард сӯхтан (махсусан аз дарди ишқ ё орзуи висол); ғусса хӯрдан (аз ҳасаду рашк)7. он чи таваҷҷӯҳ ва диққати ҳамагонро ҷалб намуда, боиси баҳсу мунозираҳои шадид мегардад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.